Вазири хориҷаи ИМА Рекс Тиллерсон гуфт, ки ИМА омода аст бо Русия дар мавзӯи Сурия, аз ҷумла дар масоили низомӣ ҳамкорӣ кунад. Изҳороти Тиллерсон дар остонаи мулоқоти раҳбарони ИМА ва Русия садо дод. Тиллерсон шоми 5 июл гуфт, ки ИМА омода аст дар ҳамоҳангӣ бо Русия фазои Сурияро минтақаи адами парвоз эълон карда роҳҳои таъмини амни кӯмакҳои башариро ба мардум андеша кунанд.
Тиллерсон гуфт, ки ҳамкориҳои ИМА ва Русия боиси эҷоди субот дар Сурия мешавад. Дар ҳамин ҳол нирӯҳои амрикоӣ амалиёти худро зидди ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” идома медиҳанд. Тиллерсон гуфт, ки ин гурӯҳ “шадидан захмӣ шудааст” ва “ба суқут наздик мешавад”.
Вай гуфт, “агар ду кишвари мо ба хотири таъмини субот дар минтақа ҳамкорӣ кунанд, ин ба эҷоди заминаҳои сиёсии ояндаи Сурия мусоидат кунад”. Вай инчунин гуфт, ки Русия ӯҳдадор аст, ки пеши роҳи Сурияро дар истифода аз силоҳи кимиёӣ бигирад. Изҳороти Тиллерсон дар ҳоле садо дод, ки фардо дар Ҳамбурги Олмон нишасти сарони кишварҳои Гурӯҳи 20 баргузор ва дар ҷараёни он нахустин мулоқоти президентон Доналд Трамп ва Владимир Путин баргузор шавад.