Субҳи 6-уми июл дар бӯстонсарои президентии Пуғус воқеъ дар дараи Варзоб ҷаласаи савуми комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба энержӣ ва инфрасохтор, баргузор шуд. Қарор аст соати 09:45 дақиқа нишасти сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон оғоз ва раванди иҷрои тарҳи интиқоли барқ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ тариқи тарҳи КАСА-1000, баррасӣ намояд.
Дар соати 13:00 мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Қирғизистон дар назар аст. Баъд аз зӯҳр мулоқоти сегонаи сарони Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар ин нишасти сегона масъалаи амнияти минтақавӣ ва ба вижа сулҳу субот дар Афғонистон, дар меҳвар қарор бигирад.
Навоз Шариф, нахуствазири Покистон рӯзи 5-уми июн бо як дидори расмӣ вориди Душанбе шуд. Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон ва Сооронбой Жэнбеков, нахуствазири Қирғизистон имрӯз, 6-уми июл ба манзури ширкат дар ҳамоиши “Чоргонаи “CASA-1000”, ба Тоҷикистон омаданд.