Дар вилояти ғарбии Фараҳи Афғонистон бар асари таркиши бомбаи сарироҳӣ шаш мулкӣ кушта шуд. Муҳаммад Носир Меҳрӣ, сухангӯи волии Фараҳ гуфт, ки бомба рӯзи 4 июл дар минтақаи Мӯъминободи вулусволии Шибҳакӯҳ ба ҳангоми аз болояш убур кардани як мошин таркид.
Ба гуфтаи Меҳрӣ, дар миёни қурбониёни таркиш кӯдакон низ ҳастанд. Шаш нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳисоб шудааст, ки таркиши бомбаҳои худсохт дар Афғонистон дуюмин сабаби марги мардуми мулкӣ дар ин кишвар ба ҳисоб меравад. Дар саросари Афғонистон Толибон ҳазорҳо маводи таркандаро дар заминҳо ҷо кардаанд.