Абдуфаттоҳ Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар масоили марбут ба сохтмони манораи назоратию диспетчерӣ дар фурудгоҳи Душанберо баррасӣ карданд. Дар маркази матуботии Хадамоти гумруки Тоҷикистон 5 июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Фаронса омода шудаст, ки барои иҷрои ин тарҳ саҳмгузорӣ кунад.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин мавзӯи ҳамкориҳо дар бахши гумруки ду кишварро баррасӣ кардаанд. Маркази матбуотии гумруки Тоҷикистон хабар дод, ки равобити тиҷоратии миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар соли 2015 танҳо 9,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст ва ин рақам дар соли 2016 то ба 34 фоиз афзуда, ба 13 миллион доллари ИМА расидааст. Аммо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ Фаронса ва Тоҷикистон танҳо ба маблағи 2,1 миллион долари ИМА тиҷорат кардаанд.
Фаронса навсозии фурудгоҳи байналмилалии Душанберо маблағгузорӣ кардааст.