Мақомоти вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон мегӯянд, дар натиҷаи сӯхтори рӯзи 5-уми июл дар меҳмонхонаи “Сайри орзу” воқеъ дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа, асосан қисмати болопӯши меҳмонхона нобуд шуда, ошёнаи сеюми он осеб дидааст. Алиҷон Беков, сардори бахши оташнишонии вилояти Хатлон рӯзи 5-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сабабҳои рух додани ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор доранд ва ба зудӣ муайян хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи ҷаноби Беков, сӯхтор дар меҳмонхона соати 11:45 дақиқа сар зада, давоми 45 дақиқа хомӯш карда шуд. “Бар асари ин ҳодиса ягон нафар осеб надидааст ва бошандагони меҳмонхона пурра наҷот дода шуданд. Барои хомӯш кардани оташ 11 мошин сафар шуд ва талоши асосии мо ба он равона шуд, ки оташ ба хонаҳои атрофи меҳмонхона нагузарад. Зеро дар атрофи меҳмонхона хонаҳои зиёди истиқоматӣ ҷойгир шудаанд ва мошинҳои сӯхторхомушкунӣ асосан гирдогирди меҳмонхонаро печонданд, то оташ ба атроф паҳн нашавад,”-афзуд Алиҷон Беков.
Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, сӯхтор аз табақаи саввум оғоз шуда ва забонаҳои оташ ошёнаҳои поёниро фаро гирифтанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шоҳидони ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки оташнишонҳо дар вақти хомӯш кардани сӯхтор ба камбуди об дучор шуданд. Ин меҳмонхона хусусӣ буда ва гуфта мешавад, ки ба хонаводаи соҳибкорон Файзуллоевҳо тааллуқ дорад.