Номи Кей Бейли Ҳатчисон, сенатори собиқ аз аёлати Техас, ба мақоми намояндаи доимии Амрико дар Шӯрои НАТО пешбарӣ шуд. Ин эълонро Кохи Сафед рӯзи 30-юми июн расонаӣ кард.
Ҳатчисони 73-сола аз соли 1993 то 2013 дар Сенати Амрико дар бахши дифоъ кор мекард. Ӯ адвокат ва хабарнигори собиқи телевизион низ ҳаст.
Аз ин пеш, рӯзи 27-уми июн дар пайи овоздиҳии аксари кулли аъзои Маҷлис, Амрико пойбандии худро ба оинномаи НАТО изҳор карда буд. Дар матни ин санад даъвати афзоиши дударсадии хароҷоти амниятии буҷаҳои давлатии кишварҳои узв низ зикр шудааст.
Ин овоздиҳиву баҳсҳо дар пайи интиқоди президенти Амрико Доналд Трамп аз зарурати НАТО ва саҳми кишварҳои дигар дар буҷаи ин созмони низомӣ баргузор шуд.