Хадамоти амнияти Украина гуфт, ки дар ҳамлаи ахири сайберӣ ё кибернетикӣ дар ин кишвар мақомоти амниятии Русия даст дошт. Ин хадамот якуми июл дар вебсайти расмиаш гуфт, вируси “Петя”, ки рӯзи 27-уми июн аз Украина шуруъ шуда, баъзе кишварҳои дигари ҷаҳонро фаро гирифт, барои аз байн бурдани иттилооти муҳим равона гардида буд.
Хадамоти амнияти Украина иддао дорад, ин вирусро ҳакероне ба гардиш даровардаанд, ки моҳи декабри соли 2016 бахши энержии Украинаро ҳадаф қарор дода буданд.
Дар лаҳзаҳои аввали ҳамлаи вируси харобкори “Петя” сиёсатмадорони Украина низ дарҳол дар ин кор Русияро муттаҳам карда буданд. Аммо намояндаи Кремл ин иттиҳомро бепоя донист.
Моҳи май аз вируси WannaCry беш аз 300 ҳазор компютер дар 150 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон осеб дид. Он замон талоши шикастани компютерҳо бештар дар Русия мушоҳида шудааст. Дар ин кишвар компютерҳои ширкатҳои бузургу сохторҳои идорӣ, аз ҷумла Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ва Вазорати умури дохилӣ мавриди киберҳамла қарор гирифтанд.