Додгоҳи мунсифаи ИМА рӯзи панҷшанбе қарори мусодираи амволи марбут Эронр содир кард, ки дар асл ба ҳукумати ин кишвар таалуқ дошт, вале аз таҳримҳо дар канор монд ва Теҳрон аз истифодаи он манфиат мебардошт.
Қарори додгоҳ мусодираи осмонбӯси 36-ошёна дар маркази Манхэттени Ню-Йоркро дар назар дорад, ки ҳамчун амволи созмони башардӯстона сабти ном шуда буд. Ин биноро бунёди хайрияи муштараки Амрикову Эрон -"Алавӣ" ва шариконаш идора мекарданд. Вале соҳиби аслии он, ҳукумати Эрон пушти парда буд ва бо ин роҳ аз таҳримҳои молӣ фирор мекард.
Баҳси парвандаи "Алавӣ" 9 сол идома дошт. Бунёд ният дорад, ба зинаи болоии додгоҳ шикоят барад.
Даромад аз ҳисоби фурӯши бино, ки аз 500 миллион то 1 миллиард доллар баҳо дода мешавад, ҳамчун ҷубронпулӣ ба хонаводаҳои қурбониёни терроризми байналхалқӣ пардохт хоҳад шуд. Қарори додгоҳи Ню-Йорк ба ҳукумат иҷозат медиҳад, ки амволи дигари марбут ба Эрон мусодира шавад.