Бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон як додраси додгоҳи ноҳияи Панҷ аз мақомаш сабукдӯш шудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30-юми июн бо судури як фармон, Тоҷиддин Қурбониёнро "бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ва содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад" аз мақомаш барканор кардааст.
Ҳамчунин имрӯз, 30-юми июн раиси ҷумҳури Тоҷикистон тайи як фармон ваколати додраси додгоҳи шаҳри Ваҳдат Қудратулло Қурбонзодаро бинобар вафоташ, қатъ кардааст.