Кумитаи хидмати мусаллаҳонаи Сенати ИМА рӯзи 28 июн барои 4000 низомии Афғонистон визаҳои бештар содир кард, ки дар нирӯҳои мусаллаҳи Амрико ба ҳайси тарҷумон ва кормандони ёрирасон фаъолият мебаранд. Арзиши ин барнома 650 миллиард доллар ҳисоб шудааст.
Барномаи вижаи виза барои шаҳрвандони Афғонистон ба афғонҳои корманди ҳукумати ИМА, ки ҷони худро дар хатар гузошта кор мекунанд, имкон медиҳад, ки баъди гузаштан аз ҷараёнҳои зарурии корӣ ба ИМА кӯч банданд.
Моҳи март консулгарии ИМА дар Кобул гуфт, ки шумори визаҳои содиршуда тамом шуд ва ҷараёни мусоҳиба бо аризадиҳандагонро бозмедорад. Вале конгресс баъдан судури 2500 визаи бештарро ба хотири ҳифзи ин барнома иҷозат дод. Сенатор Шон Шоҳин гуфт, ки ИМА “дар баробари афроди мулкие, ки ба ҳайати ИМА дар Афғонистон кӯмак мекунанд, қарздор аст”.