Хадамоти муҳоҷирати Украина ба Акбаралӣ Абдуллоев - ҷияни ҳамсари Ислом Каримов, президенти пешини Узбакистон, мақоми паноҳандагӣ дод. Ба ин тартиб, истирдоди ӯ ба Узбакистон лағв мешавад. Ҷияни Ислом Каримов бо гумони содир кардани ҷиноятҳои вазнин дар фурудгоҳи байналхалқии Киев боздошт шуда буд.
Сухангӯи додситонии шаҳри Киеви Украина Надежда Максиметс хабар дод, ки 14 июн Хадамоти муҳоҷирати Украина ба Акбаралӣ Абдуллоев мақоми паноҳандагӣ дод ва ба ин далел вай аз ҳабс озод шуд.
Акбаралӣ Абдуллоеви 33-сола 14 январи соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Киев боздошт шуд. Вай шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Доминика ва Ҷумҳурии Узбакистонро бо худ дошт. Марзбонони Украина ӯро дар рӯйхати афроди мавриди ҷустуҷӯ пайдо ва боздошт карданд.
Дар Узбакистон ҷияни президенти пешинро дар содир кардани ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла "дуздӣ тавассути азхудсозӣ ё исрофкорӣ", "пинҳонсозии асъори хориҷӣ", "сохтакории ҳуҷҷат" ва "пулшӯӣ" айбдор мекунанд.