Тавре наздикони ду паноҳандаи узбак дар Истамбул хабар доданд, мақомоти Туркия рӯзи 22 июн паноҳандаҳоро пинҳонӣ ба Ӯзбекистон истирдод кардаанд. Эркин Авазови 38-сола ва Абдулло Эрматови 34-сола 2 моҳ пеш бо гумони узвият дар гуруҳҳои тундгаро
Истирдодшудаҳо моҳи апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Пендики Истамбул боздошт шуданд. Мақомоти Узбакистон боздоштшудаҳоро дар пайгард қарор дода буд. Туркия онҳоро дар асоси дархости мақомоти узбак аз Туркия истирдод кард.
Ҳамсари Эркин Авазов мегӯяд, шавҳраш бо гуруҳҳои тундгаро рабт надошт. "Пулис шавҳари маро бо айби надоштани ҳуҷҷат боздошт кард. Акнун ӯро пинҳонӣ ба Узбакистон фиристодааст", - мегӯяд ӯ.
Эркин Авазов соли 2014 ҳамроҳ бо зану фарзандонаш аз Русия ба Туркия омад. Дар бораи истирдодшудаи дувум иттилое дар даст нест.