Шумори қурбониёни сӯхтори шадиде дар Покистон то 152 нафар афзуд. Сӯхтор баъди он рух дод, ки мошини ҳомили маводи сӯзишворӣ дар як шоҳроҳи шаҳри Мултони Покистон рӯзи 25 июн чаппа шуд ва дар паи он алангаи оташ ҳамаро фаро гирифт.
Мултонро макони зисти беш аз 3 миллион ҷамъият меноманд. Полис гуфт, ки сокинони маҳаллӣ баъди чаппа шудани мошине, ки зоҳиран дар натиҷаи мушкили идора кардани чамбари он ба фоҷеа бадал шуд, талош доштанд маводи сӯхти рехтаро ҷамъоварӣ кунанд, вале дар ин лаҳза сӯхтори шадид сар зад. Халил Аҳмад, собиқ мақомдоре, ки дар ин русто зиндагӣ мекунад, ба оҷонсии Ройтерс гуфт, ки бархе сокинон хешовандонашонро даъват карда хостанд бензини ҷоришавандаро дар сатилҳо ҷамъ кунанд.
Шумори онҳо тақрибан 500 нафар будааст. Аксари қурбониҳои ин фалокат баъди шиносоӣ шудани ҷасадашон хоксупорӣ шуданд. Даҳҳо нафар бо ҷароҳатҳои сангин ба бемористон интиқол ёфтанд ва ба гуфтаи Муҳаммад Боқир, як масъули хадамоти изтирорӣ, хатари афзоиши қурбониёни фалокат побарҷост.
Дар робита бо ин ҳодиса президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президент ва сарвазири Покистон - Мамнун Ҳусайн ва Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуд.