Пайравони дини Ислом дар Тоҷикистон субҳи рӯзи 26-уми июн дар кулли масҷидҳои ҷомеаи кишвар намози Иди Фитр ва Рамазонро адо карданд. Ин бор намози ид ба фарқ аз солҳои гузашта ним соат барвақттар - соати 6-и субҳ зери чораҳои шадиди амниятӣ баргузор шуд.
Намози имсолаи Иди Фитр дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе – пойтахти кишвар бо амри маъруф ва суханони табрикии Саидмукаррам Абдулқодирзода – раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон – баргузор гашт.
Абдулқодирзода дар суханронӣ бештар дар мавриди “неъмати ваҳдат ва
Бисёр хонаводаҳое ҳастанд, ки дастархони бештар аз тавонашон меороянд, ки танзим дар чунин масоил амри хуб аст. Вале ин ки ҷилави идгардаки кӯдаконро бигиранд, ба назари ман ин он қадар кори мувофиқе нест, яъне кӯдаконро аз шодии тифлонаву идонашон маҳрум карданд. С.Юсуфӣ
амният” барои мардуми кишвар сӯҳбат кард ва аз намозгузорон даъват кард, нагузоранд, ки ягон қувваи бадхоҳ ба амнияту осоиштагии кишвар халал ворид кунад. Раиси Шӯрои уламо гуфт, “дар рӯзи Иди Фитр мусулмононро зарур аст кинаву кудуратро аз синаҳо дур карда, аз якдигар узр бипурсанд”.
Шумори намозгузорон дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе ин бор бар фарқ аз солҳои пешин камтар ба назар мерасид. Бисёриҳо баъд аз намоз ба ҷое мешитофтанд ва бархе мегуфтанд, ки ба онҳо дастур додаанд, ки имрӯз ба ҷои кор ҳозир шаванд, ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон Иди Рамазонро расман барои мардум рӯзи ғайрикорӣ ва таътил эълон кардааст.
Зимнан, бо вуҷуди он ки қабл аз Иди Фитр раҳбарияти Шӯрои уламои Тоҷикистон ба танзими идгардаки кӯдакону тифлон дар ин рӯзи ид даъват карданд, зоҳиран ин бахши ид ҳам мисли солҳои пешин баргузор шуд.
Раҳмон, "Микрофони озод" ва даъват ба танзими маросими мазҳабӣ
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо муроҷиат ба мардум гуфт, ки таҳияи дастархони бодабдаба ва “идгардак” ё гаштугузори кӯдакон дар рӯзи Иди Фитр дуруст нест. Даъват ба хоксортар шудани дастурхони идона аз ин пеш аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон садо дод, ки бо як супориши хаттии худ аз мардум хоста буд, ки рӯзи ид ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд ва аз оростани дастурхонҳои бодабдаба худдорӣ кунанд.
Дар зимн таи як моҳи ахир дар робита ба саҳми қонуни танзими ҷашну анъанаҳо дар ҷомеаи кишвар аз тариқи шабакаҳои давлатии Тоҷикистон барномаҳо ва назарпурсии “Микрофони озод” баргузор карда мешавад. Таи тақрибан 2 ҳафтаи ахир сокинон назари худро ба таҷлили идҳои мусалмонӣ иброз медоранд. Дар аксари маврид сокинон хилофи хароҷоти барзиёд дар рузи таҷлили идҳои мусалмонӣ ва ҳатто идгардаки кӯдакон суҳбат мекунанд. Бархе пешниҳодҳое ҳам садо дод, ки дар робита ба ин суннати ҷашнгириии идҳои мусалмонӣ дар қонуни танзими ҷашну анъана тағйирот ворид карда ва маҳдудиятҳо ҷорӣ шавад.
Ин ҳама таҳаввулот дар остонаи таҷлил аз ҷашни суннатии Иди Фитр, ки дар баробари Иди Қурбон аз муҳимтарин идҳои мусалмонӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон шинохта шудааст, ба назари коршиносон метавонад баёнгари он бошад, ки дар идомаи маҳдудиятҳои мазҳабии дигар, ҳукумат мехоҳанд нақши идҳои диниро ҳам камранг кунанд. Мубориза бо ифротгароии динӣ, пайвастани ҷавонҳои тоҷик ба гурӯҳҳои экстремистӣ дар қаламравҳои Афғонистон ва Сурияву Ироқ ва идомаи таблиғоти гурӯҳҳои ситазаҷӯ барои афзоиши шумори ҳамсафонашон аз нигаронии ҷиддии ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои охир шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қонунҳои Тоҷикистон динро аз давлат ҷудо медонад ва мақомот пайваста таъкид мекунанд, ки ҳама гуна фаъолиятҳои мазҳабӣ бояд таҳти назорат ва дар чаҳорчӯби муқаррароти мазҳаби ҳанафӣ бошад, ки аксари кулли сокинони кишвар пайрави он мебошанд. Коршиносон мегӯянд, ба эҳтимоли ғолиб мақомоти Тоҷикистон бо камранг кардани таҷлили идҳои мазҳабӣ - таваҷҷӯҳ ва майли мардумро ба дину мазҳаб ҳам коҳиш додан мехоҳанд.
Даъватҳои сокинони оддӣ барои танзими иду хароҷот ва идгардакҳо тавассути барномаҳои “Микрофони озод”-и телевизионҳои давлатӣ, ки маъмулан сиёсати давлатро таблиғ мекунанд, аз назари бархе коршиносон, бесабаб нест ва эҳтимолан заминагузорӣ барои тасмимҳои ҷиддии баъдӣ хоҳад шуд.
"Исроф бад аст, идгардак - хуб?"
Таҳлилгари тоҷик Саъдӣ Юсуфӣ мегӯяд, иқдомҳои ҳукуматро дар ин замина намешавад яксон хуб ва ё бад баҳогузорӣ кард. Вай гуфт, “Ҷилавгирӣ аз хароҷот, аз такаллуфи аз қудрат зиёди мардум хуб аст, мо ҳама медонем, ки мардуми мо дар кишвар ин корро мекунанд, яъне бисёр хонаводаҳое ҳастанд, ки дастархони бештар аз тавонашон меороянд, ки танзим дар чунин масоил амри хуб аст. Вале ин ки ҷилави идгардаки кӯдаконро бигиранд, ба назари ман ин он қадар кори мувофиқе нест, яъне кӯдаконро аз шодии тифлонаву идонашон маҳрум карданд”.
Зимнан, мавзӯи идгардак, ки ширкатдорони аслиаш селаи кӯдаконанд, баҳси доғеро дар шабакаи Фейсбук ҳам эҷод кард. Идгардак, ки як бахши таҷлили иди Фитр ва иди Қурбон шинохт шудааст, солҳои охир ба амри зарурӣ табдил шудааст. Аксар хонаводаҳо ба пешвози кӯдакон шириниву тӯҳфаҳои хурд омода карда, ҳар як меҳмони пушти дарашонро хурсанд мекунанд. Гашти хона ба хонаи кӯдакон дар маҳалҳои тарофи манзилашон субҳи содиқи рӯзи ид шурӯъ шуда то нисфирӯзӣ идома мекунад. Ин расм дар гузашта, аз ҷумла даврони шӯравӣ ҳам амал мекард, вале дар пойтахту шаҳрҳои калон камтар риоя мешуд.
Баҳси идгардак дар Фейсбук
Як корбари саҳифаи Фейсбук Манзура Маҳкамова рӯзи 26 июн аз анъанаи идгардаки кӯдакон дар Тоҷикистон интиқод кардааст. Вай аз ҷумла гуфтааст, ки даркӯбиҳои гурӯҳиву дағалонаи кӯдакон аз соати 5 субҳ дуруст нест ва ҳар шахс ҳақ дорад аз риояи ин бахши ҷашн худдорӣ варзад. Дар миёни садҳо ширкатдорони ин баҳс, ки ба тарафдору мухолиф тақсим шудаанд, даҳҳо нафар ин андешаро ба шиддат маҳкум карда гуфтаанд, ки суннати қадимаи мардум бояд ҳифз ва риоя шавад. Онҳое, ки аз рафтори кӯдакон интиқод кардаанд, аз ҷумла таъкид кардаанд, ки дар ба дар рафтани кӯдакон агар манъ нашавад, бояд танзим шавад, аз рӯи одоб сурат гирад ва на пештар аз соати 7-8 субҳ шурӯъ шавад, ки соҳиби хона тавонад аз хоб бедор шуда, ба пешвози меҳмон омодагии дуруст бубинад.
Мавзӯи баҳси атрофи расму суннатҳои миллӣ ва бахусус мазҳабӣ аз масоили ҳассос барои ҷомеаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ҳама гуна изҳори назарҳои берун аз чаҳорчӯби қолабӣ ваё интиқодӣ аз ҷониби гурӯҳи мазҳабии мардум бо ҳассосият пазируфта мешавад. Аз сӯи дигар, расму оинҳои мазҳабӣ як бахши ногусастании зиндагии мардум аст. Дар чунин шароит, ба қавли коршиносон, ҳукуматро мебояд як тавозун ё баланси боназокати миёни дунявият ва эҳтироми эҳсосоти мазҳабии мардумро риоя кунад.
Чанд соли пеш бархе афроди мазҳабӣ пешниҳод карда буданд, ки дар Тоҷикистон ба ҷуз ду иди аслии мазҳабӣ – Идҳои Рамазон ва Қурбон – дигарҳо лағв шаванд. Вале ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша мегӯяд, ки бо арзи эҳтиром ба суннатҳои мазҳабӣ аз таҷлили идҳои дунявии дигар, назири Соли Нав даст намекашад, чун аз рӯи конститусия ин кишвар дунявӣ мебошад.
Созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро дар солҳои охир барои маҳдуд кардани фаъолиятҳои мазҳабӣ, аз ҷумла назорати шадид аз намозгузории то 18-солаҳо, манъи пӯшидани либоси мазҳабӣ дар макони корӣ, назорат аз ришмонии мардон интиқод мекунанд.