Мақомоти Русия мегӯянд, бохти тими миллӣ дар Ҷоми конфедератсия ба мизбонии ин мусобиқот дар кишвар таъсир намегузорад. Тими миллии Русия рӯзи 24-уми июн дар шаҳри Қазон дар ҳузури 42 ҳазор нафар ба тими миллии Мексика бо ҳисоби 2-1 бохт ва аз ҳаққи бозӣ дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум шуд.
Қарор аст, ин бозӣ рӯзи 2-уми июл дар Маскав баргузор шавад. Виталий Мутко, муовини нахуствазир ва раиси Федератсиюни Футболи Русия гуфт, “Мисли ҳар каси дигар ман ҳам маъюсам, ки натиҷае ҳосил нашуд.” Вале гуфт, ӯ, “ин футбол ва бозии хуб аст, аммо на ҳамеша бар тибқи хостаи мо мешавад.”
Вай афзуд, ки бохти кишвар набояд ба сатҳи мизбонии Ҷоми Конфедератсия таъсир гузорад. Мизбонии ин бозиҳо, ҳамчун имтиҳоне барои Русия аст, ки барои баргузории мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2018 омодагӣ мегирад.