ИМА: Фурӯши бесарнишинҳо ба Ҳинд таҳдиде ба Покистон нест

Кохи Сафед гуфт, фикр намекунад, ки нақшаи фурӯши ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Ҳиндустон таҳдиде барои Покистон аст. Як мақоми баландпояи Кохи Сафед рӯзи 24-уми июн, дар остонаи сафари нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ ба Амрико ва нахустин мулоқоти ӯ бо раиси ҷумҳур Доналд Трамп, изҳори назар кард.

Сафари Модӣ рӯзи 26-уми июн сурат хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи мақоми баландпояи Кохи Сафед, ки номаш фош нашудааст, дар интиқоли бесарнишинҳо таниши миёни Исломободу Деҳлӣ, бахусус дар минтақаи мавриди низои ду кишвар, ба назар гирифта хоҳад шуд. Ин мақом ҳамчунон гуфтааст, Вашингтон намехоҳад, ки таниши миёни Ҳиндустону Покистон афзоиш ёбад.

General Atomics Aeronautical Systems, ширкати амрикоӣ, ки ба истеҳсоли бесарнишинҳо машғул аст, изҳор доштааст, ки ҳукумати ИМА фурӯши 22 ҳавопаймои бесарнишинро ба арзиши ду миллиард доллар ба Ҳиндустон тасвиб кардааст.

Нирӯҳои баҳрии Ҳиндустон мехоҳанд, бо истифода аз навъҳои мухталифи ҳавопаймоҳои бесарнишин аз Баҳри Ҳинд назорат кунанд.

Ин нахустин муомилаи фурӯши ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ ба кишваре хоҳад буд, ки узви НАТО нест.