Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири ҷалби сармояи хориҷӣ барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун коғазҳои қиматнокро ба муомилоти байналмилалӣ хоҳад баровард. Порлумони Тоҷикистон рӯзи 21-уми июн дар ин бора қарори ҳукуматро тасвиб кард.
Ҷамшед Нурмуҳаммадиён, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии ин тарҳ дар порлумон гуфт, ҳадафи аслӣ ҷалби сармоя барои сохтмони тарҳҳои муҳиме ба мисли нерӯгоҳи Роғун аст.
Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи порлумони Тоҷикистон, аз ин тарҳ истиқбол кард ва гуфт, ки “ин беҳтарин василаи ҷалби сармоя барои иқтисоди кишвар, ба хусус тарҳҳои муҳиме чун неругоҳи Роғун аст. Ин имкон медиҳад, то сармоя ба кишвар ворид шавад ва нерӯгоҳи Роғун бунёд гардад.”
Қарор аст, соли 2018 нахустин чарха ё агрегатҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун мавриди истифода дода мешавад. Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, коғазҳои қиматноки давлатӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Амрико ба муомилот бароварда мешаванд. Ин коғазҳо электронӣ буда, дар марҳалаи аввал ба маблағи 500 миллион доллар ва дар марҳалаи баъдӣ то 1 миллиард доллар ба фурӯш гузошта мешавад.
Мӯҳлати пардохт 10 сол буда ва фоида ё дивиденди солонаи он аз 7,5 то 8 дар садро ташкил медиҳад.