Трамп Кореяи Шимолиро дар марги донишҷӯи амрикоӣ гунаҳкор кард

Кореяи Шимолӣ - Отто Уормбирро ба мурофиаи додгоҳӣ мебаранд. 16 марти соли 2017

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, мақомоти Кореяи Шимолиро дар марги донишомӯзи 22-солаи амрикоӣ Отто Уормбир гунаҳкор кард. Пхенян Уормбирро баъди 15 моҳи зиндон дар ҳоли кома ба Амрико супурд.

Хонаводаи Уормбир рӯзи 20-уми июн дар изҳороте гуфт, ки писари онҳо дар натиҷаи муносибати бераҳмонаи ниҳодҳои қудратии Кореяи Шимолӣ ҳалок шуд.

Ин хонавода мегӯяд, Уормбир моҳи март, дар ҳоле ба кома афтод, ки мақомоти Кореяи Шимолӣ ӯро бо иттиҳоми “амалкардҳои душманона” ба 15 соли зиндон маҳкум карданд.

Пизишкони бемористони Тсинтсиннати, ки Уормбир дар онҷо аз дунё гузашт, мегӯянд, ки ӯ атрофиёнро намешинохт, таҳаввулоти атрофашро эҳсос намекард ва ҳаракати ҳадафмандона анҷом намедод, аммо мустақилона нафас мекашид. Табибони амрикоӣ фарзияи Кореяи Шимолиро рад мекунанд, ки гуфтааст, Отто Уормбир аз ботулизм заҳролуд шуд.

Отто Уормбир ҳамчун сайёҳ ба Кореяи Шимолӣ рафт ва дар ҳоле боздошт шуд, ки гӯё плакати тарғиботиро аз девор канд.

Матбуоти амрикоӣ эълони таҳрим алайҳи Кореяи Шимолиро дар посух ба марги ин донишҷӯ соқит намекунанд.