Маркази миллии тестии Тоҷикистон ба фарзандони афсароне, ки ҳангоми хидмат кушта ва ё маъюб шудаанд, барои имтиҳонҳои дохилшавии соли 2017 имтиёз додааст.
Мирзошариф Шодиев, сардори Шӯъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар Маркази миллии тестӣ, рӯзи 20-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин имтиёз ба хотири қадрдонӣ ба афсароне пешбинӣ шудааст, ки дар ҳифзи субот дар кишвар саҳм гузоштаанд
Қабл аз ин, Маркази миллии тестӣ ба ҷавононе, ки хидмати ҳарбиро анҷом додаанд, 75 холи иловагӣ имтиёз муқаррар карда буд.
“Ин имтиёз ба фарзандони хидматчиёни ҳарбӣ, умуман онҳое, ки дар ҳамин низом кор кардаанд ва дар вақти набардҳо ё задухӯрдҳо дар сарҳад иштирок кардаанду кушта ё захмӣ шудаанд, дахл дорад. Ба фарзандони онҳое, ки то 21-сола ҳастанд. Ин як навъ қадрдонӣ ва эҳтиром ба хидматҳои ин мардум дар назди ватан аст”, - гуфт Шодиев.
Ин масъули Маркази миллии тестӣ гуфт, ба ин афрод 100 хол дода мешавад, ки ба даври гузариш роҳ меёбанд. Шодиев гуфт, “вақте ҳамаи имтиҳонҳоро супоридаанд, натиҷа ба Вазорати маориф пешниҳод мешавад, барои муайян кардани холи гузариш. Агар аз забон даҳ хол ва аз математика 6 хол гирифта бошад, он гоҳ ҳангоми тақсимот ба ӯ холӣ иловагӣ дода мешавад.”
Холӣ иловагӣ ба довталабон барои дохил шудан ба Донишгоҳи дилхоҳ ва таҳсили бепул кумак мекунад.
Ҳабибулло Холиқови 20-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки писари як афсари маъюб аст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ду сол боз барои дохил шудан ба Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорат ҳуҷҷат месупорад, вале хол барои ворид шуданаш камӣ мекунад. “Фикр мекунам, агар ин 100 холи иловагиро диҳанд, имсол озод мегузарам. Ҳамаи ҳуҷҷатҳоро, ҳуҷҷатҳои маъюбии падарамро пешниҳод кардаам”, - гуфт ӯ.
Қабл аз ин, Маркази миллии тестӣ ба ҷавононе, ки хидмати ҳарбиро анҷом додаанд, 75 холи иловагӣ имтиёз муқаррар карда буд.
Ин тасмим соли гузашта бо пешниҳоди Сарраёсати нирӯҳои марзбонӣ амалӣ шуд ва ҳадафаш, ба гуфтаи масъулин, “ҷалби бештари ҷавонон ба хидмат ва ҳамин таври ҷалби онҳо ба таҳсил дар донишгоҳҳо” мебошад.
Тибқи маълумоти ахири Маркази милли тестӣ, дар давраи бақайдгирии асосӣ беш аз 95 ҳазор довталаб сабти ном шудааст, ки аз нақшаи қабул бештар аст. Имсол нақшаи қабули довталабон ба мактабҳои олӣ ва чанд коллеҷ қариб 65 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.