Президенти Украина Петр Порошенко, ки бо як сафари корӣ дар Вашингтон қарор дорад, рӯзи 20-уми июн бо президенти ИМА Доналд Трамп мулоқот мекунад. Мулоқоти Порошенко, инчунин, бо ноиби президент Майк Пенс ва раҳбари Пентагон Ҷеймс Мэттис низ барномарезӣ шудааст.
Хабари ин нишастҳоро Кохи Сафед расман тасдиқ кард. Пештар, дар дидор бо намояндагони ҷомеаи украиниҳои Амрико, Порошенко ба аҳамияти мулоқоташ бо Трамп, қабл аз дидору гуфтугӯи Трамп бо Путин таъкид кард.
Порошенко гуфт, ки Украина аз пуштибонии Амрико дар сатҳи "олӣ" бархурдор аст. Барномаи сафари ӯ ба Вашингтон дидор бо котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон, мудири иҷроияи Бунёди байнулмилалии асъор Кристин Лагард, раиси Бонки Ҷаҳонӣ Ҷим Ён Ким ва намояндагони вазоратҳои тиҷорат ва энерҷии Амрикоро низ фаро мегирад.
Президенти Русия Владимир Путин бо Доналд Трамп мулоқот накардааст, ҳарчанд ду раҳбар борҳо сӯҳбати телефонӣ доштанд. Ба иттилои пешакӣ, имкон дорад ду раиси ҷумҳур аввали моҳи июл дар долонҳои нишасти сарони Бистгона дар Ҳамбург мулоқот кунанд.