Ҷаред Кушнер, мушовири аршад ва домоди президенти Амрико Доналд Трамп, барои ба роҳ мондани музокирот дар байни Исроилу Фаластин озими Ховари Миёна мешавад. Дар ин бора нашрияи The Washington Post рӯзи 18 июн хабар дод.
Ба гуфтаи нашрия Кушнер бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос дар алоҳидагӣ мулоқот мекунад. Манобеи Кохи Сафед гуфтаанд, ки мушовири Трамп бо онҳо роҳҳои ҳалли низои Исроилу Фаластинро баррасӣ мекунад. Гуфта мешавад, ки созиши сулҳ дар байни тарафҳо аз авлавиятҳои маъмурияти Трамп ҳисоб мешавад.
ДоналдТрамп баъди интихобаш ба мақоми раиси ҷумҳур домодаш Ҷаред Кушнерро мушовир дар умури Ховари Миёна таъин кард. Кушнер моҳи май, дар ҷараёни сафари Трамп ба Исроил ва Фаластин, ӯро ҳамроҳӣ кард.