Теъдоди паноҳандагон дар ҷаҳон марзи 65 миллионро убур кард

Паноҳандагони афғон дар урдугоҳи Покистон

Бино ба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид теъдоди паноҳандагон, паноҳҷӯён ва беҷошудаҳо дар саросари ҷаҳон рекорд гузошт ва дар соли 2016 ба 65 миллиону 600 ҳазор расид. Ин рақам 300 ҳазор бештар аз соли 2015 аст. Гузориш дар ин бора рӯзи 19 июн дар сомонаи Оҷонсии СММ дар умури паноҳандагон нашр шуд.

Соли гузашта ба ҳисоби миёна 20 нафар дар як дақиқа, ё 1 нафар дар ҳар се сония маҳалли зисти худро тарк кардааст, мегӯянд коршиносони Созмони Милал.

Бахши умдаи паноҳандагон -5,5 миллон нафар - аз Сурия омадаанд. Таҳиягарони гузориш ҳамчунин аз Судони Ҷанубӣ ёдовар шудаанд, ки онро бар асари низои мусаллаҳона ҳудудан 800 ҳазор одам тарк кард. Чанде пеш раҳбари Оҷонсии СММ дар умури паноҳандагон Филиппо Грандӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки теъдоди маҳалҳо барои ҷо ба ҷо кардани паноҳандагонро бештар кунанд.