Ҷумбиши "Ҷумҳурӣ ба пеш"-и президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар даври дуюми интихоботи порлумони пирӯз шуд. Нашрияи Le Mond рӯзи 18 июн навишт, ки ҷонибдорони Макрон аз 577 ҷой дар дар Ассамблеяи миллӣ 350-ро ишғол мекунанд.
Дар маҷмӯъ 40 дар сади райъдиҳандаҳо дар саросари кишвар ба ҷонибдории ҷумбиши Макрон овоз доданд. Ҳизби ростгарои "Ҷумҳурихоҳ" ду баробар камтар овоз гирифт.
"Ҷумҳурихоҳон" дар порлумон каме бештар аз 100 ҷой хоҳанд дошт. Ҳизби Сотсиалист, ки дар гузашта бахши умдаи нишастҳо дар порлумонро дошт, бо ҳудудан 30 ҷой қаноат мекунад.
Ҳамчунин интизор меравад, ки аз "Ҷабҳаи мардумӣ"- и Марин Ле Пен 8 нафар дар порлумон намояндагӣ мекунад. Худи Ле Пен ҳам аз ҳавзаи Энен-Бомон вакил интихоб шуд.
Интихоботи порлумони баъди як моҳи пирӯзии Макрон бар рақибаш Ле Пен дар интихоботи президентӣ, баргузор шуд. Нармиши чашмгир дар қонуни кор ва ихтисори даҳҳо ҳазор ҷойҳои корӣ дар бахши давлатӣ, аз ҳадафҳои сиёсии Макрон номбар мешавад.