Дар Қазоқистон фурӯши билетҳои тақаллубии EXPO-2017-ро месанҷанд

Почтаи Қазоқистон

Почтаи Қазоқистон

Тибқи гузориши расонаҳои қазоқӣ, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон қазияи фурӯши билетҳои тақаллубӣ барои ворид шудан ба намоишгоҳи EXPO-2017 санҷида мешавад. Почтаи миллии Қазоқистон рӯзи 18 июн хабар дод, ки фурӯши билетҳои тақаллубӣ танҳо дар шаҳри Чимкент мушоҳида шудааст.

"Ин билетҳои воқеӣ нестанд, балки нусхаи билетҳо ҳастанд", - мегӯяд котиби матбуотии Почтаи миллӣ Сауле Мукашева.

Ширкати "Остона ЭКСПО" ва раёсати корҳои дохилии Остона тафтишро дар ин замина шуруъ карданд. Нахустин хабарҳо дар бораи билетҳои тақаллубӣ чанд рӯз пеш пайдо шуданд. Ба гуфтаи Мукашева, дар билетҳо муҳри "Казпочта" зада шудааст.

Ба огаҳии "Казпочта", то ҳоли ҳозир дар вилояти Қазоқистон Ҷанубӣ тавассути бахши вилоятӣ 8 800 билет фурӯхта шудаст. Ба иттилои почта, билетҳои тақаллубӣ миёни билетҳое, ки ба ҳукумат ва раёсати маорифи шаҳри Чимкент ирсол шудаанд, вуҷуд доранд.