Марзбонони Арабистони Саудӣ як моҳигирии эрониро куштаанд

Халиҷи Форс

Мақомоти Эрон мегӯянд, посбонони соҳилии Арабистони Саудӣ бо тирандозӣ ба сӯи ду моҳигири эронӣ дар Халиҷи Форс, яке аз онҳоро куштаанд.

Вазорати умури дохилии Эрон гуфт, ки ба иддаои Арабистони Саудӣ қаиқи шаҳрвандони Эрон шоми 16-уми июн ба қаламравҳои обии Арабистон ворид шудааст.

Дар баёнияи вазорат аз рӯзи 17-уми июн омадааст, ки мақомот иддаои Арабистони Саудиро таҳқиқ мекунанд, вале “амалкарди саудиҳо мувофиқ ба усулҳои башарӣ ва дарёнавардӣ набудааст.” Арабистони Саудӣ ҳодисаро шарҳ надодааст.

Ба гуфтаи расонаҳои давлатии Эрон ҳодиса дар назди як манораи нафткаши Арабистони Саудӣ рух додааст. Эрону Арабистони Саудӣ муносиботи хубе надоранд ва аз соли 2016 равобити дипломатиашонро қатъ кардаанд.