Амрико ба Афғонистон 4000 сарбози дигар мефиристад

Вазорати дифои Амрико рӯзи панҷшанбеи 15-уми июн аз фиристодани беш аз 4000 нерӯи нави низомӣ ба Афғонистон хабар дод. Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки ба гуфтаи як мақоми иҷроӣ дар ҳукумати Доналд Трамп, Амрико дар пайи берун рафтан аз бунбасти ҷанги 16-сола дар Афғонистон аст. Ба гузориши расонаҳо, қарор аст вазири дифои Амрико ҳафтаи оянда ин мавзӯъро ба таври расмӣ, эълон кунад. Бахши асосии нерӯҳои нав барои омӯзиш ва машвараи нерӯҳои афғон, ба он кишвар мераванд. Шумораи каме аз ин афрод, низ нерӯҳои вижаи зидди терроризм барои мубориза бо ДИИШ ва Толибон ҳастанд. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 8400 сарбози амрикоӣ дар Афғонистон ҳузур дорад. Вазири дифои Амрико рӯзи сешанбе 13-уми июн дар Конгресс гуфт, Амрико дар Афғонистон дар вазъияти пирӯзӣ нест, аммо ба зудӣ ин вазъият тағйир хоҳад кард.