Дар пайи афтодани мушаки Русия дар Қазоқистон як нафар ҳалок шуд

Харитаи Қазоқистон

Дар Қазоқистони марказӣ як нафар аз сухтор дар пайи афтодани блокҳои паҳлӯии мушакбари Русия, ки шаби 14 июн аз пойгоҳи Байконур парвоз кард, ба ҳалокат расид. Мушакбар бояд киштии ҳомили борҳои заруриро ба пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ интиқол медод.

Намояндаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазокистон Руслан Имонқулов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳангоми афтодани пораҳои оташгирифтаи мушак дар 20 километрии деҳкадаи Талап, дар дашт сухтор ба амал омад. Аҳолии маҳаллӣ хостанд оташро хомӯш ва аз ҳаракати он ба самти хонаҳои худ ҷилавгирӣ кунанд. Дар ин талошҳо як нафар ҳалок шуд ва як нафари дигар захм бардошт.

Пештар аз Имонқулов ба хабарнигорон гуфт, ки пораҳои мушак маводи заҳрогин надорад.