Боздошти 28 шаҳрванди Тоҷикистон, ки "Интерпол" ҷустуҷӯ мекард

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти интизомии тоҷик 28 шаҳрванди кишварро, ки таҳти пайгарди пулиси байналмилалии “Инетрпол” буданд, боздошт кардаанд. Боздошти ин афрод ду ҳафтаи қабл ҳангоми амалиёти “Нелегал – 2017” дар ҳудуди Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 15-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, 28 нафаре, ки таҳти ҷустуҷӯи байналмиллаӣ қарор доштанд, дар содир кардани ҷиноятҳои сангин муттаҳам мешаванд.

“Инҳо баъди содир кардани ҷиноят ё шарикӣ дар ҷиноят фирор карда буданд. Макони онҳо номаълум буд. Рӯшан набуд, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, ё дар хориҷа. Аз ин рӯ, онҳоро дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода будем”, - гуфт Умарҷони Эмомалӣ.

Умарҷони Эмомалӣ

Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, боздоштшудаҳо дар ҷиноятҳои куштор, интиқоли маводи мухаддир ва робита ба гурӯҳҳои ифротӣ муттаҳам мешуданд.

Амалиёти “Нелагал” ҳамасола дар ду давр дар Тоҷикистон баргузор мешавад ва бештар қонунӣ будани кору зисти шаҳрвандони хориҷӣ тафтиш мешавад. Бори аввал аст, дар ин амалиёт шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тариқи Интерпол ҷустуҷӯ мешуданд, дар хоки кишвар боздошт гардиданд.

Зимнан, дар ин амалиёт, ки беш аз як ҳафта давом кард, кору зиндагии беш аз 7 ҳазор шаҳрванди хориҷии муқими Тоҷикистон тафтиш шудааст. Дар пайи ин тафтиш, маълум шудааст, ки 120 хориҷӣ муқаррароти будубошро нақз карда ва 20 тани онҳо бо қарори додгоҳ аз ҳудуди Тоҷикистон ихроҷ шудаанд.

Дар вебсайти расмии Интерпол ё пулиси байналмилалӣ беш аз 200 нафар бо дархости Тоҷикистон то як моҳи пеш дар ҷустуҷӯ қарор дошт.