Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Арманистон рафт

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 14-уми июн ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ, озими Арманистон шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазиири умури хориҷӣ, ёварони президент дар умури робитаҳои хориҷӣ ва масъалаҳои ҳуқуқӣ, ҳамчунни вазирони рушди иқтисод, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, Додситони кулл, президенти Академияи илмҳо, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, сардори Хадамоти алоқа ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.