Эрдуғон инзивои Қатарро "ғайриинсонӣ" номид

Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, инзивои Қатарро амали "ғайриинсонӣ" ва мухолифи арзишҳои исломӣ номид.

Ӯ рӯзи 13-уми июн дар муроҷиат ба намояндагони мардумӣ аз ҳизби ҳоким дар порлумони Туркия гуфт, Арабистони Саудӣ бояд бӯҳрони атрофи Қатарро, ки Саудӣ якҷоя бо Иморати Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн ва Миср ба пуштибонӣ аз терроризм ва Эрон муттаҳам кардаанд, ҳал кунад.

Дар заминаи ин иттиҳом чаҳор кишвари равобити дипломатӣ ва нақлиётӣ бо Қатарро қатъ карданд.

Қатар ин иттиҳомотро қабул надорад. Туркия ва Эрон аз Қатар ҳимоят мекунанд.

Рӯзи душанбе Бритониё ба нармиш дар инзивои ҳавоии Қатар даъват намуд.