Қазоқистон Қримро ба ҳайати Русия шомил кард

Путин ва Назарбоев дар назди "Expo- 2017"

Сафорати Украина дар Қазоқистон ба харитаи назди Намоишгоҳи энержӣ - "Expo-2017" дар Остона, ки нимҷазираи Қримро бахши қаламрави Русия нишон додааст, эътироз кард.

Харита як бахши муҷассамаҳои ороишии Кӯчабоғи Нуржол, дар беруни намоишгоҳи "Expo-2017" аст, ки рӯзи 10-уми июн бо иштироки раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ифтитоҳ шуд ва се моҳ идома мекунад.

Яке аз муҷассамаҳо дар даст харитаи Украинаро дорад, ки ба он Қрим ба қаламрави ин кишвар шомил нест. Муҷассамаи дигар харитаи Русияро дорад, ки дар он ниҷазираи Қрим як бахши Русия унвон шудааст.

Сафорати Украина рӯзи 12-уми июн дар Фейсбук навишт, харитаи Украинаро дар ҳарду муҷассама бо нақзи якпорчагии кишвар ба намоиш гузоштанд. Сафорати Украина гуфт, ки дар ин замина шарҳи Вазорати умури хориҷии Қазоқистонро мунтазир аст.

Русия Қримро соли 2014 баъди интиқоли нерӯ ба нимҷазира ва ташкили назарпурсии умумӣ ишғол кард. Украина ва беш аз 100 кишвари узви СММ референдумро ғайриқонунӣ эътироф кардаанд.