Бар асари садамаи автобус дар роҳи байни Иркутск ва Чита 12 нафар ба ҳалокат расид. Дар ин бора мақомоти Русия хабар доданд.
Хабаргузории ТАСС рӯзи 12 июн бо такя ба мақомоти беҳдоштӣ гуфт, ки дар ин ҳодиса беш аз 30 тани дигар захм бардошт. Автобус нимашаби 11 июн ба садама дучор шуд.
Мақомот теъдоди мусофиронро 51 нафар мегӯянд, ки аксарашон зоирони ортодокси озими дайрҳои минтақа буданд.
ТАСС ба нақл аз қавли мақомот мегӯяд, ки дар наздикии макони садама тармими роҳ ҷараён дошт.
Волии Трансбайкал Наталя Жданова гуфтааст, ки ба хотири қурбониёни садама 13 июн дар минтақа рӯзи мотам эълон мешавад