Ҳоҷибоевро, ки қасди бо дучарха ба Макка рафтанро дошт, аз роҳ гардонданд

Ҳусайн Ҳоҷибоев

Ҳусайн Ҳоҷибоев, як сокини бознишастаи Узбакистон, ки ҳафтаи гузашта бо нияти зиёрати Макка бо дучарха ба роҳ баромада буд, аз марзи Узбакистону Туркманистон пас гардонда шуд. Ӯ рӯзи 10-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин вазъ ба далели надоштани виза ё раводиди сафари Туркманистон пеш омадааст. “Нагузоштанд, ки сарҳадро убур кунам. Марзбонҳо гуфтанд, ба хотири нияти хайр омода ҳастанд, роҳро кушоянд. Аммо гуфтанд, ки мумкин аст ман дар Туркманистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз боздошт шавам”, - нақл кард Ҳусайн Ҳоҷибоев.

Ин сокини 75-солаи Намангони Узбакистон рӯзи 2 июн бо нияти сафари Ҳаҷ бо дучарха ба роҳ баромада буд. Ӯ дар рӯзи аввали сафараш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, қарор аст, то субҳи 8 июн ба марзи Туркманистон бирасад.

Ҳусайн Ҳоҷибоев мегӯяд, барои расидан то Макка бояд аз ҳудуди Туркманистону Эрон мегузашт, вале визаи ин кишварҳоро дарёфт накарда буд. Ин сокини бознишаста мегӯяд, бовар дошт, ки марзбонҳои Туркманистону Эрон ва Арабистони Саудӣ барои нияти хайраш ба ин камбуди ӯ чашм мепӯшанд.

Номи Ҳусайн Ҳоҷибоев бори аввал моҳи сентябри соли гузашта расонаӣ шуд. Вай он вақт бо дучархааш 500 километр роҳро тай карда, ба зиёрати қабри Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбакистон, ба Самарқанд рафт. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баъдан ин кори ӯро ҳаҷҷи хурд номида ва барояш дучархаи нав туҳфа намуданд.

Дар гузашта аз Тоҷикистон низ баъзе сокинон барои зиёрати Хонаи Худо пойи пиёда рафта буданд.