Трамп раҳбари пешини FBI-ро "ифшогари маълумоти маҳрамона" номид

Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, раҳбари пешини Идораи федеролии таҳқиқот Ҷеймс Комиро ба фошкории маълумоти маҳрамона муттаҳам кард.

Рӯзи гузашта Комӣ ба суолҳои кумитаи Сенат дар умури истихборот посух дод ва гуфт, ки бозҷӯии робитаи намояндагони Трамп бо мақомоти Русия раиси ҷумҳурро нороҳат мекард ва ин сабаби аз мақоми раҳбари FBI барканор шуданаш буд.

Ба қавли Комӣ, Трамп аз ӯ хоста буд, ки садоқаташро собит намояд ва ҷанҷоли атрофи мушовири пешини амнияти миллии Кохи Сафед Майкл Флиннро соф кунад.

Овозаи фишори Доналд Трамп ба Ҷеймс Комӣ дафъатан баъд аз барканор шудани ӯ аз мақом матбуотӣ шуд. Марк Косовитс, вакили президент Трамп, Ҷеймс Комиро яке аз манбаъҳои фош кардани ин маълумот ба матбуот унвон кард.

Шоҳидии раҳбари пешини FBI дар ҷаласаи кумитаи истихбороти Сенат бахши муҳими таҳқиқи робитаи эҳтимолии намояндагони Трамп бо Кремлин аст. Аъзои кумита мехоҳанд бидонанд, ки оё Трамп талош кард, ки ба рафти таҳқиқоти Майкл Флин аз ҷониби FBI таъсир расонад ё не.

Президент Флиннро моҳи феврал дар ҳоле аз мақом сабукдӯш кард, ки ӯ дар робита бо сӯҳбатҳояш бо сафири Русия дар Вашингтон ба ноиби раиси ҷумҳур дурӯғ гуфт. Трампро метавонанд ба монеагузорӣ дар барқарории адолат муттаҳам кунанд.