Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабти ду ҳодисаи ғарқ шудани ноболиғон дар як ҳафтаи охирро нигаронкунанда унвон кардааст. Дар дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “таҳлил нишон медиҳад, ноболиғон аз беэҳтиётии худу волидон ғарқ шудаанд.”
Бино ба иттилои мақомоти ин ниҳод, рӯзи 5-уми июн ноболиғи 10-солаи сокини ҷамоати Сабои ноҳияи Шаҳринав ва 3-юми июн сокини 14-солаи ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш ҳангоми оббозӣ дар рӯдхонаи Душанбе ғарқ шудаанд.
То ҳол ҷасади ноболиғон пайдо нашудааст.
Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло ба волидон ҳушдор медиҳанд, то назорати фарзандони ноболиғи худро ҷиддитар карда, аз оббозӣ дар маконҳои хатарнок пешгирӣ кунанд.