Беларус Мурод Амриевро ба Русия таслим кард

Мурод Амриев -Чемпионати Ҷаҳон

Пулиси Беларус шоми 8-уми июн қаҳрамони бозиҳои якҳарбаи омехта Мурод Амриевро ба Русия таслим кард. Дар ин бора «Интерфакс» бо такя ба бахши вилоятии Вазорати умури дохилӣ хабар додааст.

Пеш аз ин, хонаводаи варзишгар ба далели амниятӣ аз Грозний берун шуд ва Чеченистонро ҳам тарк кард.

Мурод Амриев, ки мехост аз мақомоти Беларус дархости паноҳандагӣ кунад, рӯзи гузашта аз идораи пулис ба самти номаълум бурда шуд. Пулис ӯро аз вакил ва имкони дархости паноҳандагӣ маҳрум кард.

Дар изҳороти гурӯҳи ҳуқуқи башари Freedom House, ки рӯзи 8-уми июн нашр шуд, омадааст, эҳтимол Амриев кушта шавад. Хонаводаи Мурод Амриев низ гуфтаанд, ки ӯ дар ростои таҳдиди марг қарор дорад.

Ин варзишгарро, ки аз идораи додситонӣ фирор кард, марзбонҳо шаби панҷшанбе дар наздикии шаҳри Добуши Беларус боздошт карданд. Мақомоти Беларус гуфтанд, ки Амриевро ба Русия таслим мекунанд. Ӯ аз тарафи мақомоти ҳифзи тартиботи Чеченистон дар ҷустуҷӯ буд.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, изҳороти ошкори Амриев дар бораи «интиқомситонӣ» баҳонаи таъқиби ӯ шуд. Ба навиштаи «Новая газета», Амриев соли 2013 ба ҳомиёни ҳуқуқ дар бораи шиканҷа шуданаш дар идораи умури дохилии Грозний нақл кард ва гуфт, ки пулис мехост бо ин роҳ бародари ӯро аз Олмон баргардонад. Ба гуфтаи Амриев, мақоми баландпояи пулиси Чеченистон дар кӯшиши сӯиқасде ба ҷонаш аз бародари ӯ гумонбар шудааст.