Дар Британия интихоботи порлумонӣ ҷараён дорад

Нахуствазири Британия Тереза Мэй

Дар Британия интихоботи пеш аз мӯҳлат ҷараён дорад, ки бояд 650 вакилро ба палатаи поёнии порлумон интихоб кунанд. Натиҷаи ҳамин интихобот маълум хоҳад кард, ки мақоми нахуствазирро кӣ ишғол мекунад ва гуфтушуниди хуруҷи Британия аз Иттиҳоди Аврупоро пеш мебарад.

Нахуствазири феълии Британия, раҳбари муҳофизакорон Тереза Мэй қарори интихоботи пеш аз мӯҳлатро 18 апрел бо тавҷеҳе эълон кард, ки берои пешбурди гуфтушуниди "Брекзит" ба мандати қавӣ ниёз дорад. Биноба аксари назарсанҷиҳо муҳфизакорон мавриди алоқаи райъдиҳандагон буда, аммо дар ҷараёни маърака фосилаи байни онҳо бо ҳизби Коргарӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ муҳофизакорон аз мавқеи қотеона дар баробари хуруҷи Британия аз Иттиҳоди Аврпуо пайгирӣ карданд, дар ҳоле, ки ҳизби Коргарӣ, таҳти раҳбарии Ҷереми Корбин мехоҳад минтақаҳои озоди тиҷоратӣ дар Иттиҳоди Аврпуо ҳифз шаванд. Демократҳои либерал тарафдори референдуми нави "Брекзит" ва Ҳизбии миллии Шотландия ҷонибдори баргузории назарсанҷии такрори истиқлолияти Шотландия шудаанд.

Маъракаи интихоботиро ҳамлаҳои теророристии 22 май дар Манчестер ва 3 июн дар пули Лондон тира кард.