Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи 7 июн дар суҳбати телефонӣ бо амири Қатар Тамим бин Ҳамод ал-Танӣ гуфт, омодааст, ки дар ҳалли буҳрони кишварҳои Халиҷи Форс кӯмак кунад. Ӯ гуфт, мулоқот метавонад ҳатто дар Кохи сафед баргузор шавад.
Трамп ҳамзамон аз Қатар хост, ки аз сармоягузории терроризм пешгирӣ кунад.
Ахиран Доналд Трамп дар Твиттер навишт, ки инзивои Қатар ба "фарҷоми даҳшати терроризм оғоз мебахшад". Сарфи назар аз ин вазорати мудофиаи ИМА изҳор дошт, ки сиёсати Пентагон нисбати Қатар тағйир намеёбад. Ҳарфҳои Трампро дар вазорат шарҳ надоданд.
5 июн Миср, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн ва Ливия муносибатҳои дипломатиро бо Қатар қатъ карданд. Ба гуфтаи роҳбарони арабӣ, Қатар аз тундгароён ва Эрон пуштибонӣ мекунад. Мақомоти Қатар қатъи робитаҳои дипломатиро бемаврид ва иттиҳоми пуштибонӣ аз терроризмро - беасос номиданд.