Ҳакерҳои Русия кишварҳои арабиро алайҳи якдигар шӯронданд

Вазири умури хориҷии Қатар Муҳаммад бин Абдураҳмон ал-Танӣ

Рахнагарони интернетии Русия шабакаи хабаргузории давлатии Қатарро шикаста ва дар он маълумоти дурӯғеро нашр карданд, ки боис ба бӯҳрон дар равобити як қатор кишварҳои шарики Амрико дар Ховари Миёна шуд. Шабакаи телевизионии CNN ин натиҷагириро шаби 6-уми июн бо такя ба истихбороти Иёлоти Муттаҳида нашр кард.

Ходимони Идораи федеролии таҳқиқоти Амрико ё FBI бо даъвати Қатар ба ин кишвар рафтанд ва ҳамлаи ахири ҳакерӣ ба шабакаи хабаргузории расмиро бозҷӯӣ карданд.

Ҳудудан ду ҳафта пеш намояндагони ҳукумати Қатар гуфтанд, ки изҳороти амири Қатар дар хабаргузории давлатӣ, ки дар он аз Эрон ва Исроил пуштибонӣ шуда, вале президенти Амрико Доналд Трамп бо шакку тардид арзёбӣ шудааст, воқеият надорад. Мутахассисони амрикоӣ рахна шудани шабакаи компютерҳои хабаргузориро тасдиқ карданд.

Ин натиҷагирӣ, ба гуфтаи CNN, нигаронии доираҳои истихбороти амрикоиро тақвият дод, ки мегӯянд, Русия талош дорад шарикони наздики ИМА дар Ховари Миёнаро алайҳи якдигар бишӯронад.

Авоили ҳафтаи равон якчанд ҳамсояи Қатар, бо сарварии Арабистони Саудӣ, ин кишварро ба пуштибонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ муттаҳам ва равобити дипломатиашонро бо Қатар қатъ карданд. Ин дар ҳолест, ки бузургтарин пойгоҳи низомии ИМА дар Қатар ҷойгир аст.