Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон меояд

Ҳафтаи оянда дабири кули СММ Антонио Гутерриш дар доираи сафараш ба минтақаи Осиёи Марказӣ, вориди Тоҷикистон мешавад. Масъулони Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тибқи барномаи сафар, Антонио Гутерриш 12 июн ба Тоҷикистон меояд.

Тибқи иттилои расонаҳои минтақаӣ, сафари дабири кулли СММ ба панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ҷараён хоҳад гирифт ва Маркази минтақавии дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ, мубтакири баргузории сафарҳои Антонио Гутеррриш ба кишварҳои минтақа аст.

Зимнан, Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 21 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорк бо Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дидор карда ва аз ӯ даъват намуда буд ба Тоҷикистон сафар намояд. Ҳамакнун қарор аст, дар ҷараёни сафари Антонио Гутерриш дар ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон вай бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугҳое анҷом диҳад. Антонио Гутерриш аввали соли ҷорӣ ба унвони дабири кулли СММ ба фаъолият оғоз кард.