Гуфтугӯи телефонии Путин бо амири Қатар

Владимир Путин, президенти Русия аз амири Қатар Тамим бин Ҳамад Ал Cонӣ даъват кард, ки барои ҳалли буҳрони Халиҷи Форс аз муколамаи дипломатӣ кор бигирад. Дар гуфтугӯи телефонӣ Путин ҳамзамон мавзӯи ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Русияву Қатарро баррасӣ кард.

Пештар аз ин котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон низ кишварҳои арабиро ба муколама даъват карда буд. Ба гуфтаи Тиллерсон, муҳосираи Қатарро бояд гирди мизи гуфтугӯ ҳал кард. Президенти ИМА Доналд Трамп дар навбати худ гуфт, инзивои Қатар билохира "ба анҷоми даҳшати терроризм оғоз мебахшад".

Рӯзи 5-уми июн Миср, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайн муносибатҳои дипломатиро бо Қатар қатъ карданд. Ба гуфтаи роҳбарони арабӣ, Қатар аз тундгароён ва Эрон пуштибонӣ мекунад. Мақомоти Қатар қатъи робитаҳои дипломатиро бе маврид ва пуштибонӣ аз терроризмро - беасос номиданд.