Боздошти як пизишк барои талаби 1000 доллар "пора"

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти як пизишк дар шаҳри Истаравшан хабар дод, ки барои аз хизмати аскарӣ озод намудани як сокини ҳамин шаҳр 1000 доллар талаб кардааст. Ба иттилои манбаъ, Султон Қаюмов -- бародари тиббии ҳуҷраи наврасони Маркази саломатии шумораи 1-и шаҳри Истаравшан, ҳамчун котиби комиссияи тиббии даъвати соли 2017 кор мекардааст. Ба иттилои Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Султон Қаюмов рӯзи 15-уми март дар оғоз аз наздикони ин даъватшаванда ба артиш 200 доллар дарёфт намуда ва талаби маблағи боқимондаро кардааст. Дар пай, ҳини гирифтани 800 доллар, муодили 5340 сомонӣ, ӯ аз сӯи кормандони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шудааст. Тибқи иттилои Оҷонсӣ, бар пояи моддаи 247, қисми 3, банди "а"-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон алайҳи Султон Қаюмов парванда боз шуда ва баъди тафтиш барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардидааст.