Нишасти Остона "минтақаҳои амн" дар Сурияро баррасӣ мекунад

Вазири умури хориҷии Қазоқистон Ғайрат Абдураҳмонов

Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ғайрат Абдураҳмонов мегӯяд, ҳарчанд дастури кори даври навбатии гуфтушуниди сулҳи Сурия дар Остона мушаххас нашудааст, аммо тарафҳо гуфта буданд, ки мехоҳанд, ҷузъиёти «минтақаҳои амн»-ро баррасӣ кунанд.

“Шарикони руси мо пешакӣ огоҳ кардаанд, ки тарафҳои гуфтушунидро рӯзҳои 12-13 июн ба Остона даъват карданиянд. Рӯзҳои наздик бояд номгӯйи масъалаҳои ин ҳамоиш муайян шавад” – хабар додааст «Казинформ» ба нақл аз Абдураҳмонов.

Дар даври пешини гуфтугӯҳо дар Остона намояндагони Русия, Туркия ва Эрон 4 май дар мавриди ташкили минтақаҳои амн дар Сурия созишнома қабул карданд. Аммо бархе аз мухолифини Сурия ба ташкили чунин минтақаҳо мухолифат доранд. Созишнома ташкили чаҳор минтақаи амнро дар манотиқе ба назар мегирифт, ки дар онҳо нерӯҳои президент Башор Асад бо мухолифин вориди даргирӣ ҳастанд. Намояндаи мухолифон дар ҳамоиши Остона Усома Абузайд изҳор дошт, ки Сурия бояд тамомияти марзии худро ҳифз кунад.

Эҳтимол меравад, таърифи “минтақаи амн” ва шароити хоси он дар даври навбатии гуфтушунид роҳро барои идомаи нишастҳои сулҳ боз кунад.

Дар ҷанги Сурия аз соли 2011 то кунун наздики 400 ҳазор одам кушта шудааст.