Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, аз кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла додситонҳо хостааст, ки соҳибкоронро эҳтиром карда, ба онҳо на «Ту», балки «Шумо» гуфта муроҷиат намоянд. Ӯ дар ҷараёни сафари ахираш ба Андиҷон дар ин бора суҳбат карда ва соҳибкоронро афроде номид, ки ҷойҳои кории нав меофаранд, сабаби некӯаҳволии мардум ва «локомотив»-и иқтисоди кишваранд.
«Додситоне, ки ба соҳибкор «Шумо» гуфта муроҷиат намекунад, барои кор дар ин ниҳод сазовор нест. Додситонҳои вилоятҳо, ноҳия ва шаҳрҳо вазифадоранд, ки ҳар ҳафта бо соҳибкорон мулоқот карда, ба арзи онҳо гӯш диҳанд. Онҳо бояд барои ҳалли мушкили соҳибкорон чора андешанд. Барои онки соҳибкор, ҳатто агар як ҷойи корӣ офаридааст, барои ҷомеа одами зарурист», - таъкид кард раиси ҷумҳури Узбакистон.
Вай ҳамзамон гуфт, ҳамагуна мониагузорӣ дар кори соҳибкорон сабаби бекорӣ шуда, ҷинояткориро афзоиш хоҳад дод. «Додситонӣ ниҳоде нест, ки одамонро таъқибу азият кунад», - гуфт Шавкат Мирзиёев ва хост, додситонҳо бо соҳибкорон «дӯстӣ намоянд».
Яке аз соҳибкорони Андиҷон ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, муҳим нест, ки додситонҳо ба онҳо «Шумо» гуфта муроҷиат кунанд. Вай гуфт, кофист, агар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кори онҳо мониагузорӣ накунанд. Дар ҳамин ҳол, як соҳибкори дигар аз шаҳри Тошканд ин суханони Шавкат Мирзиёевро дар Андиҷон бештар «суханҳои баландпарвозона» донист.
Нозирон мегӯянд, ки дахолати ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорон яке аз мониаҳои аслӣ дар рушди тиҷорат дар Узбакистон аст. Гуфта мешавад, қисми асосии муроҷиат ба қабулгоҳи маҷозии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, низ аз номаи шикоятии соҳибкорон иборат будааст.