Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон, гуфт, агар бо рафтани ӯ амният дар ин кишвар таъмин шавад, омода ҳаст, ки истеъфо бидиҳад. Аммо дар айни замон афзуд, буҳрони ҷорӣ дар Афғонистон бо истеъфои вай ҳал намешавад.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи 3 июн, пас аз вуқӯи инфиҷорҳои маргбор дар маросими дафни Солим Эзадёр – писари Муҳаммадалам Эзадёр – муовини аввали раиси палатаи болоии порлумони Афғонистон изҳори назар кард. Вай гуфт, “душман талош дорад, ки миёни қавмҳои Афғонистон тафриқа эҷод кунад ва намояндагони қавмҳоро ба ҷони ҳам биандозад.”
Доктор Абдуллоҳ, ки рӯзи шанбе дар маросими ҷанозаи Солим Эзадёр ширкат карда буд, гуфт, дар ҷараёни ин маросим се ҳамлаи интиҳорӣ рух дод. Ба қавли ӯ, маргталабон аз қабл дар маҳалли ҳодиса ҷобаҷо шуда буданд. Ниҳодҳои амниятии Афғонистон ин ҳамлаҳоро таҳқиқ мекунанд.