Даъвати Путин барои тармими равобити ИМА ва Русия

Президенти Русия Владимир Путин аз намояндагони ширкатҳои тиҷоратии амрикоӣ даъват кард, ки бо маъмурияти президент Доналд Трамп ҳамкорӣ карда дар беҳбудёбии равобити миёни ин ду кишвар саҳм гузоранд. Зимни суханронӣ дар ҳамоиши соҳибкорони амрикоиву русӣ дар чаҳорчӯби форуми иқтисодии Санкт-Петербург рӯзи 2 июн Путин аз онҳо хост, ки дар дубора оддӣ шудани муколамаи сиёсии миёни кишварҳо мусоидат кунанд.

Путин гуфт, ки Маскав барои оддӣ шудани робитаҳои Русияву Амрико, ки дар аҳди президент Барак Обама ва дар паи моҷароҳои атрофи Украина, ба гуфтааш “дар поинтарин сатҳ қарор гирифт”, талош мекунад.

Ишғоли нимҷазираи Қрим аз ҷониби Русия дар соли 2014 ва тарафгирии Маскав аз ҷудоиталабони украинӣ дар шарқи ин кишвар боиси маҳкумияти ИМА гардид. Ихтилофҳои сиёсии дигар ба Сурия марбут мебошад. Путин гуфт, ки равобити боэътимоди тиҷоративу сармоягузории миёни Русия ва ИМА барои эҷоди муҳити созгори сиёсӣ мусоидат мекунад.

Раҳбари Русия дар идома таъкид кард, ки Маскав тарҳҳои муштараки тиҷоратии миёни Русия ва ИМА-ро пуштибонӣ мекунад ва "ИМА ҳамеша як ҳамкори муҳими тиҷоратии Русия будааст”.

Шоми рӯзи 2 июн қарор аст Путин дар ҳамоиши Санкт-Петербург суханронӣ кунад.