Меркел хуруҷи Амрикоро аз созиши Париж "таассуфовар" номид

Ангела Меркел

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел аз қарори президент Доналд Трамп, оиди берун бурдани ИМА аз “Созиши Париж”, шадидан нигаронӣ кард. Меркел рӯзи 2 июн зимни суханронӣ дар порлумон тааҳҳуди давомдори кишвараш дар баробари созиши Парижро таъкид кард ва гуфт, ки ин санад пойдевори мубориза бо гармоиши иқлим дар ҷаҳон аст.

Ӯ гуфт, тасмими президенти ИМА барои берун рафтан аз созиши иқлимии Париж “хеле таассуфовар аст”. Меркел гуфт, протоколи Киото, ки соли 1997 қабул шуд ва баъдан ба имзои созиши Париж дар соли 2015 мусоидат кард, роҳи бозгашт надорад.

Садри аъзам гуфт, ки хориҷ шудани ИМА аз ин созиш “онҳоеро, ки дар баробари ҳифзи сайёра масъулият эҳсос мекунанд, аз роҳашон барнамегардонад”. "Ҳар нафаре, ки ояндаи ин сайёра барояш муҳим аст, роҳашро дар ин самт ба хотири ҳифзи замин идома медиҳад”- гуфт садри аъзами Олмон.

Аз ин пеш шарикон ва ҳам мухолифони ИМА тасмими Доналд Трамп барои берун шудан аз созиши Парижро интиқод карда пешниҳоди Трамп дар бораи бозбинӣ шудани ин санадро рад карданд. Раҳбарони Фаронса, Олмон ва Итолиё бо пахши изҳороти муштарак гуфтанд, ки созиши ҳосилшуда бозбинӣ нахоҳад шуд.