Маскав дар посух ба тасмими Кишинев ва Таллин дар бораи ихроҷи дипломатҳои рус, 5 корманди сафорати Молдова ва ду масъули намояндагии дипломатии Эстонияро "шахсони номатлуб" ё "persona non grata" эълон кард.
Ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати умури хориҷии Русия, ин кормандони намояндагиҳои дипломатии Молдова ва Эстония бояд дар давоми се рӯз кишварро тарк кунанд. Дар бораи ному насаб ва мақоми онҳо чизе гуфта нашудааст.
Пештар хабар расид, миёни дипломатҳои рус, ки аз Молдова ихроҷ мешаванд, ёвари кордори низомии сафорати Русия Александр Грудин низ ҳаст. Ӯро моҳи марти имсол ошкоро ба ҷалб ва гирифтани иттилои махфӣ аз вакили пешини порлумони Молдова Юрий Болбочан, ки 17-уми март дастгир шуд, айбдор карданд.
Дар Вазорати умури хориҷии Русия қазияи ихроҷи дипломатҳои русро он замон "зидду нақиз" номиданд. Президенти Молдова рӯзи 30-юми май гуфт, аз мансабдорони кишвараш, ки ин тасмимро гирифтаанд, тавзеҳ талаб хоҳад кард.
Мақомоти Эстония консули генералии Русия дар шарҳи Нарва Дмитрий Казённов ва консул Андрей Сургаевро рӯзи 26-уми май “персона нон грата” эълон карданд.