Трамп ҳамла ба ҳомиёни занони мусулмонро маҳкум кард

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп

Президент Доналд Трамп рӯзи 29 май ҳамла дар Портленди аёлати Орегонро, ки ду мард баъди кӯшиши ҳимоят аз занони мусулмон кушта шуданд, маҳкум кард. Ин ду нафар хостанд, садди роҳи марде шаванд, ки дар қатор ба ду зани мусулмон суханҳои зиддиисломӣ мегуфт.

"Ҳамлаи бераҳмонаи рӯзи ҷумъа дар Портленд ғайри қобили қабул аст. Қурбониён мухолифи бадбинию таҳаммулнопазирӣ буданд. Дар ҳаққашон дуо мекунем", - гуфтааст Трамп.

Ин суханҳо на дар саҳифаи шахсии Трамп, балки дар саҳифаи расмии президенти ИМА дар Твиттер баъди он нашр шуданд, ки худи ӯ барои суханронӣ дар Рӯзи ёдбуд дар Қабристони миллии Арлингтон вориди Вирҷиния шуд.

Рӯзи шанбе се мард баъди кӯшиши ҳимоят аз ду зани мусулмон, ки яке ҳиҷобпӯш буд, мавриди ҳамлаи гумонбар Ҷереми Ҷозеф Кристиан қарор гирифтанд. Онҳо хостанд, Кристианро, ки ба занон суханҳои қабеҳ мегуфт, боздоранд.