Доналд Трамп сафари нахустини хориҷиашро ба унвони раиси ҷумҳури Амрико бо суханронӣ ба низомиёни ин кишвар ва хонаводаҳояшон дар Итолиё хотима бахшид. Ин сафари ӯ дар маҷмуъ нуҳ рӯзро дар бар гирифт.
Трамп рӯзи 27-уми май дар суханронии худ дар пойгоҳи ҳавоӣ ва нирӯи баҳрӣ дар ҷазираи Сисилияи Итолиё сафари нахустини хориҷиашро “як муваффақияти комил” ва “таърихӣ” номид.
Баъди ин суханронӣ ҳавопаймои раиси ҷумҳури Амрико Итолиёро ба қасди Вашингтон тарк кард. Доналд Трамп дар тӯли ин сафари хориҷиаш аз Арабистони Саудӣ, Исроил, сарзаминҳои фаластинӣ, Белгия ва Итолиё дидан кард.
Вай ду рӯзи охири сафарашро дар ҷазири Сисилияи Итолиё дар ҷаласаи сарони “Ҳафтгонаи бузург” ё G7 паси сар кард. Дар ин нишаст раҳбарони ҳафт кишвари саноатии ҷаҳон дар бораи тиҷорату таҳримҳои иловагӣ алайҳи Русия ва масоили Сурияву Куриёи Шимолӣ бо ҳам тавофуқ карда, аммо натавонистанд дар масъалаи тағйироти иқлим забон ёбанд. Доналд Трамп гуфтааст, ҳафтаи оянда дар бораи иҷро кардан ё накардани тавофуқи соли 2015-и Порис дар бораи коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ тасмими ниҳоӣ хоҳад гирифт.